Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи хунин дар артиши Озарбойҷон


Наваскаре, ки тоза хизматро дар артиши Озарбойҷон шурӯъ кардааст, дар як ҳодисаи хунин чаҳор ҳамхизмати худро кушта ва як нафарро захмӣ намуд. Ин сарбоз дар ҷараёни машқҳо дар ноҳияи Шамкири кишвараш тасодуфан ба ҷониби ҳамхизматонаш оташ кушодааст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ҳодиса кадом вақт рӯй додааст. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи Озарбойҷон ҳанӯз аз воқеаи тирандозии як ҷавони дигар дар академияи нафти кишвар ба худ наомадааст. Дар он рӯйдоди ду ҳафта пеш бар асари тирандозии ҷавоне 12 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG