Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи генерал Петреус аз басташавии Гуантанамо


Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Дейвид Петреус гуфт, ки интизор дорад бо басташавии боздоштгоҳи Гуантанамо ва мамнӯъ шудани истифода аз шаклҳои дурушти пешбурди бозпурсиҳо ба талошҳои амрикоиҳо дар Ироқу Афғонистон, инчунин дар муқобила зидди хушунатҳои фаромиллии ифротгароён мусоидат хоҳад кард. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага генерал Петреус гуфт, ки "бастани Гуантанамо ба як шеваи бомасъул ба ҷаҳон як паёми муҳим мефиристад, ки ИМА мутобиқи эъломияи Женева оид ба бархӯрд бо боздоштшудаҳо рафтор мекунад".
Моҳи январи имсол Барак Обама тааҳҳуд намуд, ки боздоштгоҳи муваққати Гуантанаморо дар ҷазираи Куба мебандад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG