Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил аз мулоқоти Русия бо Ҳамос норозист


Исроил гуфтааст, ки аз тасмими ҳукумати Русия дар бораи ҳифзи муносиботаш бо Ҳамос-гурӯҳи тундрави Фаластин "амиқан нигарон" аст. Тавзеҳоти дафтари нахуствазири Исроил баъд аз он пахш шуд, ки рӯзи шанбе Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар Димишқ бо Холид Машъал-раҳбари табъидии Ҳамос мулоқот кард. Русия танҳо кишваре аз чаҳор кишвари узви чаҳоргона аст, ки Ҳамосро байкот намекунад. Русия мехоҳад дар Ховари Миёна нақши бештаре бар дӯш бигирад ва соли ҷорӣ мизбони конфронси байналмиллалии Ховари Миёна бошад.
XS
SM
MD
LG