Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се кишвари ҳаммарз Эъломияи Теҳронро имзо карданд


Имрӯз дар Теҳрон дар мулоқоти сеҷониба руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон ва Эрон изҳор доштанд, ки онҳо бар зидди тундгароии исломӣ ва бар зидди қочоқи маводии мухаддир якҷо мубориза мекунанд. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон, Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар поёни мулоқот санадеро бо номи Эъломияи Теҳрон ба имзо расонданд, ки тибқи он ҷонибҳо бояд барои таъмини амният дар минтақа фаъолият кунанд. Аҳмадинежод зимни суханони ихтитомии худ дар поёни мулоқот гуфт, ин се кишвар бар зидди хатари тундгароии исломӣ ва қочоқи маводи мухаддир "бо такя ба тавоноии худ ва созмондиҳии хубу ҳамкории хуб" мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG