Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҳои хиёбонӣ бар зидди Толибон дар Мингора


Низомиёни Покистон мегӯянд, нирӯҳои онҳо бар зидди шӯришиёни Толибон дар Мингора, шаҳраки аслии водии Свот машғули ҷангҳои хиёбонӣ мебошанд. Мақомоти расмӣ хабар додаанд, нируҳои давлатӣ бахшҳои муҳими ин шаҳрак ва се хиёбонро зери контроли худ даровардаанд.

Низомиёни Покистон мегӯянд, Мингораро муҳосира кардаанд, вале дар дохили шаҳрак ҷангҳои хиёбонӣ идома дорад. Ҳузури тақрибан 20 000 нафар аҳолии маҳаллӣ дар дохили шаҳрак ҷангҳоро ба анҷоми амалиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Гузашта аз ин, Толибон қисматҳои шаҳракро минагузорӣ кардаанд. Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон ҳушдор дод, ки мумкин аст амалиёти низомӣ дар Мингора хеле ба кундӣ пеш равад, зеро нируҳои амниятӣ мехоҳанд, ки аҳолии маҳаллӣ талаф наёбанд.

Нируҳои Покистон рӯзи шанбе, 23-юми май, ба Мингора ворид шуданд. Амалиёти заминӣ дар ин шаҳр аз бахшҳои мушкили амалиёти якмоҳаи нируҳои Покистон бар зидди Толибон дар водии Свот ба шумор меравад. Амалиёти нируҳои Покистон замоне оғоз шуд, ки шӯришиён созишномаи сулҳро риоя накарданд ва нируҳои худро дар 100-километрии Исломобод мустақар карданд. Толибон раҳбарии Мингора, муҳимтарин шаҳраки ин водиро чанд ҳафта дар ихтиёри худ гирифтанд. Атҳар Аббос мегӯяд, дар зарфи 24 соати ахир 17 нафар аз шӯришиёни Толиб, аз ҷумла як фармондеҳи онҳо, дар даргириҳо кушта шудаанд. Вай афзуд, ҳоло нируҳои давлатӣ амниятро дар баъзе аз қисматҳои шаҳрак таъмин кардаанд.

Низомиён мегӯянд, тақрибан 1 100 нафар афроди машкук ба шӯришиён ва 50 сарбози нируҳои ҳукуматӣ дар давоми як моҳи амалиёт кушта шудаанд. Ба гуфтаи нируҳои амниятӣ, дар ин амалиёт 15 000 нафар низомиён бар зидди 1 500 то 2 000 шӯришии фаъол меҷанганд".

Аммо манобеъи мустақил ин арқомро таъйид накардаанд. СММ мегӯяд, шумораи беҷошудагони ҷанг дар водии Свот як миллиону 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. СММ ҳушдор додаст, ки дар ин водӣ барои муддати тулонӣ бӯҳрони кӯмакҳои башарӣ пеш хоҳад омад. Ба ин далел аз ҳоло ба маблағи 543 миллион доллар барои беҷошудагон кӯмак дархост кардааст.
XS
SM
MD
LG