Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши "Эроннома" дар эроншиносии қазоқҳо


Нашрияҳои Қазоқистон вақтҳои ахир чанд матлаберо роҷеъ ба нақши фарҳанги эронӣ дар кишвар ба табъ расониданд.

Аз ҷумла, маҷаллаи «Мисл» дар яке аз шумораҳои ахири хеш мақолаи калонеро дар бораи фаслномаи «Эроннома», ки ду сол ба ин тараф дар Қазоқистон ба забони русӣ ба нашр мерасад, чоп кардааст. Муаллифони мақола Анвар Ғалиев ва А.Камолов падид омадани чунин нашрияро дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурии Қазоқистон ва берун аз он чун рӯйдоди басо ҷолиб арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онон, «Эроннома» паёмади бисёр амиқ ва мусбате барои эроншиносӣ дар арсаи байнулмилалӣ дорад.

Шариф Шукуров, донишманди шинохтаи тоҷики муқими Русия ва профессори Донишгоҳи Маскав низ дар сипосномааш унвонии фаслнома «Эроннома»-ро яке аз беҳтарин маҷаллаҳои эроншиносӣ медонад. Ҳарчанд алъон ҳамагӣ панҷ шумораи фаслнома нашр гардидааст, вале аллакай он бо тозагӣ ва умқи мақолоти илмӣ ба яке аз беҳтарин маҷаллаҳои ховаршиносӣ табдил ёфтааст. Зеро дар маҷалла , таъкид мекунад муаллиф, мақолаҳои беҳтарин донишмандони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Русияву Қазоқистон ва мамолики дигар ба табъ мерасанд, ки ба масоили калидии эроншиносӣ бахшида шудаанд.

Ховаршинос, доктори улуми таърих профессор Эдуард Хуршедиён дар мақолааш бо номи « Дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон роҳест ба ҳикмати шарқ ва ё дарвозаест ба торихи куҳан», ки он дар нашрияи «Деловая неделя» ба табъ расидааст, аз чопи китоби дастхатҳои форсӣ дар ин кишвар бо кӯшиши Сафар Абдулло ва пажӯҳишгари эронӣ Саид Муҳаммад Боқири Камолиддинӣ ҳикоя мекунад. Ховаршинос менависад, Сафар Абдулло ва Боқири Камолиддинӣ феҳристи илмии 112 дастхати дар китобхонаи миллии Қазоқистон маҳфузбударо омода карда, бо ҳамин барои дастраси ҳамагон гардидани онҳо хидмати шоистаеро анҷом доданд. Онҳо бо ин пажӯҳиши хеш ба кори омӯзиши системаноки дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон бунёд гузоштанд. Муаллифони ин мақолаҳо зимни баёни матлаб аз хидмати ховаршинос Сафар Абдулло, ки сардабири фаслномаи «Эроннома» аст, ёдовар мешаванд.

Аз ҷумла, А.Ғалиев ва А.Камолов дар мақолаашон зикр мекунанд, ки Қазоқистон баъди ба даст овардани истиқлолият имкон пайдо кард, ки ба бисёр саҳифаҳои таърихи хеш таҷдиди назар кунад ва чун он таърих бо Эрон ва ҳамкории он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт марбут аст, рушди бахши эроншиносӣ дар ин ҷо ба миён омад. Дар ин кор, ба навиштаи онҳо, ба Қазоқистон омадани Сафар Абдулло дар оғози солҳои 90, бешубҳа, таъсири амиқ гузошт. Вай барои ба ҳам наздик сохтани мардуми минтақа ва ҳамдигарро боз ҳам беҳтар донистану шинохтани онҳо кори бисёреро анҷом дод. То ин муддат дар Қазоқистон, менависанд мууаллифони мақола, бо ибтикори Сафар Абдулло бисёр ҳамоиши илмии байналмилалӣ, аз ҷумла семинари муштараки ҳарсолаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Қазоқистон ва марказҳои фарҳангии Эрон бо номи «Робитаҳои маънавию торихии Эрон ва дашти Қипчоқ» баргузор гардида, чандин маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расиданд. Акнун, ба гуфтаи Анвар Ғалиев, фаслномаи «Эроннома», ки сардабираш Сафар Абдуллост, ба минбари донишмандони ховаршинос табдил ёфтааст ва кори муфидеро анҷом медиҳад.

Оқои Хуршедиён бошад, нашри маҷаллаи «Эроннома»-ро яке аз тарҳҳои муваффақи Сафар Абдулло медонад. Ховаршинос меафзояд, худи Сафар Абдулло шахсият ва донишманди нодир аст ва вай бо заҳматҳои бардавом ва ковишҳои илмиаш дар рушди эроншиносӣ на танҳо дар Қазоқистон, балки дар маҳдудаи иттиҳоди давлатҳои мустақил низ нақши пурарзиш мебозад. Профессор Хуршедиён хидмати Сафар Абдуллоро баробари як пажӯҳишгоҳ медонад, зеро ба андешаи вай донишманд ҳам бори асосии маҷалларо бар дӯш дораду ҳам ҳамоишу нишастҳои байнулмиллӣ доир месозад ва чун устоди донишгоҳ ба тарбияи шогирдон- ховаршиносони оянда машғул мешавад. Бар илова, ағлаби асарҳои илмии марбут ба эроншиносӣ, ки дар Қазоқистон ба нашр расидаанд, ё ба қалами вай тааллуқ доранд, ва ё таҳти назари ӯ рӯи чопро дидаанд, ки ҳамаи ин баёнгари заҳмати беандоза ва талоши бесобиқаи донишманди тоҷики муқими Қазоқистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG