Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барои мулоқоти сеҷониба вориди Теҳрон шуд


Дар Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон ва Эрон баргузор мешавад. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар садри ҳайате, ба шумули Рангин Додфар Спанто-вазири умури хориҷаи ин кишвар вориди Теҳрон шуд ва ба Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ҳамроҳ шуд. Дар бораи мавзӯи мулоқот Сиёмаки Ҳеравӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт:
"Дар ин дидори сеҷониба роҷеъ ба масоили амнияти минтақавӣ, муносиботи тиҷоратӣ миёни се кишвар, мубориза бо маводи мухаддир ва мубориза бар зидди терроризм сӯҳбат ва гуфтугӯ мешавад".
Зардорӣ қабл аз Карзай вориди Теҳрон шуда буд.
XS
SM
MD
LG