Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Дар Ереван-пойтахти Арманистон мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муштзанӣ миёни ҷавонон идома дорад. Дар ин мусобиқот ҳамроҳ бо 42 кишвар, аз ҷумла муштзанони Амрикову Русия, Бритониё, Укроин ва амсоли он муштзанони ҷавони тоҷик низ ширкат доранд. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон аз 23 то 30-юми май давом мекунад. Шоми рӯзи шанбе таи маросиме Серж Саргсян -раиси ҷумҳури Арманистон ба таври расмӣ ин мусобиқотро ифтитоҳ бахшид.
XS
SM
MD
LG