Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҳои хиёбонӣ дар Мингора шуруъ шудааст


Низомиёни Покистон мегӯянд, нируҳои онҳо бар зидди шӯришиёни Толибон дар Мингора-маркази аслии водии Свот машғули даргириҳои хиёбонӣ мебошанд. Мақомоти расмӣ хабар додаанд, ки нируҳои давлатӣ бахшҳои муҳими ин шаҳрак ва се хиёбонро зери контроли худ даровардаанд. Қаблан генерал Атҳар Аббос-сухангӯи артиши Покистон ҳушдор дод, ки суръати анҷоми амалиёт хеле кунд аст, зеро нируҳои амниятӣ мехоҳанд, ки аҳолии маҳалӣ талаф наёбанд. Атҳар Аббос тахмин мезанад, ки дар шаҳраки Мингора тахминан 20 000 нафар ғайринизомиён боқӣ мондаанд. Вай гуфт, дар дагириҳои ахир 17 шӯришӣ, ба шумули як фармондеҳи онҳо, кушта шудаанд. СММ мегӯяд, аз оғози даргириҳо дар водии Свот ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор нафар маҳалли зисти худро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG