Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Синни ба шавҳар додани духтарон танзим мешавад


Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки ба Сарқонуни Ҷумҳури дар мавриди аз синни 18-солагӣ ба шавҳар додани духтарон тағийрот дароварда шавад.

Ҷавондухтари панҷакентӣ Саидмоҳ Абдуллоева ташаббуси боло бурдани синни шавҳарбароии духтаронро фоли нек медонад ва бо ишора ба таҷрибаи ҳаётиаш мегӯяд, аксарияти духтарони ҷавон баъди ду-се соли зиндагӣ оилавайрон мешаванд. Зеро онҳо дар синни 16-17 солагӣ ба оилаву арзишҳои он зиёд сарфаҳм намераванд. Саидмоҳ мегӯяд, ӯ баъди ду соли зиндагӣ, яъне дар синни 17-солагӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст.

Падидаи ба шавҳар додани духтарон аз синни 15 ва 16 солагӣ дар Тоҷикистон солҳои наваддум ва баъди он ба миён омад. Чун дар замони ҷанги шаҳрвандӣ оилаҳои тоҷик яке аз роҳҳои ҳифзи духтаронашон аз ҳар гуна ҳаводис ба шавҳар додани онҳоро медонистанд. Ва ин раванд баъди солҳои 2000-ум низ дар Тоҷикистон идома ёфт.

Дар замони Шӯравӣ духтарон асосан дар синни 18-солагӣ издивоҷ мекарданду, умдатан соҳиби касб ва ё маълумоти олӣ мешуданд. Вале нооромиҳои солҳои навадум ва тавсеа ёфтани камбизоатӣ ба тарбияи хонаводаҳои тоҷик ҳам бетаъсир намонд. Ва аксарияти хонаводаҳои тоҷик аз ночорӣ ва роҳи халосӣ аз таъминоти моддии духтарон онҳоро ба шавҳар медоданд.

Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар сӯҳбати ахираш бо рӯзноманигорон гуфта буд, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар беш аз якуним ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш аз 100 ҳолат бештар аст. Як омили аслии афзоиши вайроншавии оилаҳоро масъулини умури занон ба издивоҷи бармаҳали духтарон марбут медонанд. Тибқи қавонини Тоҷикистон танҳо ҷавондухтарони синни 17 боло иҷозаи издивоҷро доранд, вале дар ҳолати истисноӣ ва бо иҷзаи додгоҳ духтари 16-сола низ метавонад оила барпо кунад.

Раиси Кумита оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймуддинов мегӯяд, ҳама тарафа ин чиз бояд омӯхта ва санҷида шавад ва фикри мардумро ба назар гирифт ва баъд иқдом кард.

Сабзнигор Ҳасанова, як нафар зани фаъол мегӯяд, ҷомеаи мо суннатӣ аст ва намешавад ки ҳукмеро болои ҷавонон ва хонаводаҳо таҳмил кард. Зеро дар шароити бӯҳрон ва сатҳи камбизоатие, ки аксарияти хонаводаҳои тоҷик қарор доранд, имкон нест ки аксарияти духтарон соҳибкасб шаванд ва баъди синни 18-солагӣ ба шавҳар дода шаванд. Шояд ҳолатхое шавад, ки духтарон дар синни 16 ва 17 солагӣ хоҳиши ба шавҳар баромадан дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG