Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Ҳиндустон аз қудрати низомии Чин


Фармондеҳи нируҳои ҳавоии Ҳиндустон гуфтааст, ки кишвараш нисбат ба Покистон аз ҷониби Чин таҳдиди бештаре эҳсос мекунад. Вай гуфтааст, Ҳиндустон дар бораи тавоноии таҳоҷумии Пекин кам маълумот дорад. Рӯзномаи "Ҳиндустон Таймз" дар шумораи имрӯзи худ аз қавли Маршал Фалӣ Ҳомӣ-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Ҳиндустон навиштааст, Ҳиндустон дар бораи тавонои Чин, маҳорати ҷангӣ ё маҳорати муҳорибавии он маълумоти ночиз дар ихтиёр дорад. Хабаргузории Ройтерз аз қавли мақомти расмӣ менависад, артиши Чин аз лиҳози шумора се баробари артиши Покистон аст.
XS
SM
MD
LG