Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази фарҳангии тоҷикони Алмато


Дар Қазоқистон боз як маркази фарҳангии тоҷикон сабти ном шуд.

То ин муддат ҳарчанд дар ин кишвар даҳ маркази фарҳангии ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятии тоҷикон амал мекард, вале то ба ҳол дар бузургтарин шаҳри Қазоқистон, Алмаато, ки шумораи тоҷикон дар он ҷо зиёд аст, чунин марказ вуҷуд надошт. Иттиҳоди фарҳангии тоҷикони Қазоқистон ба номи «Сомониён» ба андозае нақши чунин марказро иҷро мекард. Вале тавре тоҷикони муқими ин шаҳр ва муҳоҷирон мегӯянд, фаъолияти ин иттиҳод камранг ба назар мерасид.

Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Маркази фарҳангии шаҳрӣ дар Алмаато ба миён омад ва ин масъулиятро Бекпулод Тошпулодов, ки солҳои зиёдест дар Алмаато ба сар мебарад, ба дӯш гирифт. Оқои Бекпулодов Тошпулодов мегӯяд, қаблан низ вай бо марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон иртибот дошт. Ба вижа, вай чун соҳибкори муваффақ дар созмондиҳии ҳар гуна чорабиниҳо ба марказҳои фарҳангии ноҳияҳои Махтааралу Сариоғоч, ки дар он ҷо шумораи тоҷикони бумӣ ва мактабҳои тоҷикӣ зиёданд, ёрӣ мерасонд. Акнун вай ҳамроҳи дигар фаъолони маркази навтаъсисаш мақсад дорад, ки чунин корҳои фарҳангиро дар пойтахти ҷанубии Қазоқистон низ ба роҳ андозад.

Сарвари маркази фарҳангии шаҳри Алмаато мегӯяд, дар Алмато донишмандону аҳли ҳунар, соҳибкорону бозаргонҳои тоҷик назар ба дигар манотиқи ин кишвар зиёданд ва онҳо барои рушди иқтисоду фарҳанги Қазоқистон саҳм доранд. Номҳои донишманди маъруф Сафар Абдулло, овозхонҳо Парвиз Назаров ва Ситора Назарова, профессори риштаи ҳунар Пӯлод Элдаров, оҳангсозон Далер Халилов ва Ҳусейн Иззатуллоев ва мураббии варзиш Ҳикматулло Холиқов барои ағлаби мардуми Қазоқистон ошноанд. Ҳамчунин ховаршинос Қурбоналӣ Идрисов, рӯзноманигорон Саломиддин Мирзораҳматов ва Саломат Назарова, бозаргону соҳибкорон Миразиз Усмонов, Сино Ализода, Сафар Иззатуллоев, Нуралӣ Хоркашов, Ҳоҷӣ Саид Солеҳов, Абдураҳмон Холов, Саидмардон Қосимов, Ҳодӣ Абдурозиқов, Икром Раҳимбеков ва Юсуф Чоршанбиев ва даҳҳо нафари дигар низ барои рушди иқтисоду фарҳанги Қазоқистон хидмат менамоянд. Вале, ба гуфтаи раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато онҳо бештар ба таври инфиродӣ фаъолият мекарданд ва барои гирди як марказ ҷамъ овардани онон ва ба иҷрои корҳои бузург сафарбар кардани имконоти ҳунариву илмӣ ва соҳибкории онҳо кори назаррасе анҷом дода нашудааст.

Сарвари Маркази тозатаъсиси фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато мақсад дорад, бо ҷалби ағлаби тоҷикон дар гирди марказ дар робита ба тақвияти муносиботи байниҳамдигарии тоҷикон ва ҳамкорӣ бо дигар марказҳои фарҳангии тоҷикони кишвар, ҳамчунин тақвияти дӯстии байни халқҳои Қазоқистон корҳои мушаххасеро ба анҷом расонанд. Маркази тозатаъсис аллакай баъзе корҳоро анҷом додааст. Аз ҷумла, бо ёрии Бекпӯлод Тошпӯлодов ва соҳибкори шинохта Миразиз Усмонов китоби «Тоҷикони Қазоқистон» ба се забон -тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ ба нашр расид. Ҳамчунин, Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато дар рӯзи ваҳдати мардуми Қазоқистон барномаи консертиеро бо ширкати овозхони тоҷики муқими Қазоқистон Парвиз Назаров доир намуд.
XS
SM
MD
LG