Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Хорватия аз Тоҷикистон боздид мекунад


Боздиди Степан Месич-раиси ҷумҳури Хорватия аз Тоҷикистон идома дорад. Вай дар нимаи дуввуми имрӯз аз корхонаи тавлиди алюминями Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Турсунзода боздид мекунад. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

"Ҷаноби Месич ҳамчунин аз корхонаи арзизи Тоҷикистон боздид мекунад. Созишномаҳое, ки дар нақша буд, онҳо дар Душанбе имзо шуданд. Онҳо фақат аз ин корхонаи бузурги тоҷик дидан мекунанд".

Степан Месич дирӯз вориди Душанбе шуд ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо дар бораи тавсеъаи муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар Эъломияи муштарак имзо карданд. Қарор аст дар ҷараёни боздиди серӯза аз Тоҷикистон раиси ҷумҳури Хорватия бо нахуствазир Оқил Оқилов ва Сайдулло Хайруллоев-раиси Маҷлиси Намояндагони Порламон мулоқот ва аз шаҳри Хуҷанд-маркази вилояти Суғд низ боздид кунад. Кумитаи омори давлатии Тоҷикистон ба матбуъот хабар додааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Хорватия як миллион долларро ташкил надодааст.
XS
SM
MD
LG