Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони се кишвари ҳамсоя мулоқот мекунанд


Ба нақша гирифта шудааст, ки имрӯз дар Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон ва Эрон баргузор шавад. Ин мулоқот аслан барои 19-ӯми май дар назар гирифта шуда буд, вале то имрӯз ба таъхир андохта шуд, зеро Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон барои ин мулоқот фурсат надошт ва нируҳои ҳукуматаш дар шимоли ин кишвар машғули анҷоми амалиёт алайҳи шӯришиёни Толибон мебошанд. Интизор меравад, ки Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод тадобири мубориза бар зидди шӯришиёни Толиб дар Афғонситону Покистон ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодии миёни ин се кишварро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG