Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев муҳоҷиронро берун кардан намехоҳад


Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар Остона баргузор гардид, намояндагони ҳукуматҳои 11 кишвар ширкат карданд.

Онҳо масоили гуногун, аз ҷумла, ҳамкории муштарак байни кишварҳои ИДМ дар тиҷорат ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирҳо Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон суханронӣ карда, гуфт, «дар ҳама кишварҳоямон бекорон ҳастанд ва алъон ба ҳама душвор аст. Вале кишварҳои ИДМ бояд ба он муҳоҷироне, ки дар кишварҳояшон ҳастанд, бо таҳаммули бештар муносибат намоянд. Дар Қазоқистон, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, қариб як миллион муҳоҷир ҳаст. Мо кӯшиш мекунем, ки ин муҳоҷиронро тибқи имконот аз кишвар берун накунем».

Чунин гуфтаҳои сарвари Қазоқистонро муҳоҷири тоҷик Азимҷон Каримов бо хушнудӣ истиқбол кард. Ӯ гуфт «шароити Тоҷикистон нисбат ба ин ҷо боз ҳам вазнинтар аст. Аз ин хотир, умедворем, ки гуфтаҳои раисҷумҳури Қазоқистон иҷро шавад ва барои муҳоҷирон камтар сабукӣ оварад.»

Сиёсатшинос Айдос Саримов бар ин аст, ки наметавон ба барномаҳои қабулкардаи ИДМ бовар кард. Зеро, ба гуфтаи вай, таи мавҷудияти хеш ин иттиҳод садҳо барномаву тавофуқнома қабул намуд ва ағлаби онҳо рӯи коғаз монданд. Ба андешаи оқои Саримов, ин иттиҳод танҳо ба ном вуҷуд дорад. Зеро кишварҳои узви ин иттиҳод дар сатҳҳои гуногуни рушди иқтисодиву сиёсӣ қарор доранд ва минбаъд ин кишварҳо на бо ҳам муттаҳид мешаванд, балки аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG