Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз дидори раисҷумҳурони Хорватия ва Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба имзо расид.

Раисҷумҳури Хорватия Степан Месич дирӯз, 23-уми май бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Ин нахустин сафари раисҷумҳури ҷумҳурии собиқе аз ҳайати Югославия ба Тоҷикистон мебошад.

Пас аз дидори ду раисҷумҳур ва ҳайатҳои ҳукуматӣ дар Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми май, санадҳое аз қабили Эъломияи тақвияти ҳамкориҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар ва санадҳои ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Хорватия ба имзо расиданд.

Дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон раисҷумҳури Хорватия ҳамчунин бо сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва раиси Маҷлиси олӣ Сайдулло Хайруллоев вохӯрад.

Ҳамчунин, сафари Степан Месич ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода, ки дар он ҷо ӯ аз корхонаи алюминиюми тоҷик дидан хоҳад кард, ба нақша гирифта шудааст.

Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Хорватия соли 1999 барқарор шудаанд ва бино бар омори расмӣ, табодули коло миёни ин ду кишвар дар чаҳор моҳи аввали соли ҷолӣ қариб 900.000 долларро ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG