Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи як пинҳонгоҳи аслиҳа дар шаҳри Душанбе


Кормандони мақомоти умури дохила и Тоҷикистон дар як манзили зисти хусусӣ дар шаҳри Душанбе пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаро пайдо кардаанд. Тибқи иттилои вазорати умури дохила, ин пинҳонгоҳ иборат аз 5 адад автомати Калашников, 1 гранатомет бо 27 тир, 2 норинҷак ва садҳо дона тирҳои мухталиф будааст.
Тибқи маълумоти вазорат, аз оғози сол дар кишвар 501 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 124 автомати Калашников, 56 туфанг ва 56 гранатомет, ошкор ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG