Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунармандони тоҷик ба Япония мераванд


Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд, ки гӯруҳе аз ҳунармандони Тоҷикистон 27-ӯми май дар ҷашнвораи дӯстӣ бо номи "АРТ Фиеста-2009" дар шаҳри Осакаи Япония ширкат меҷӯянд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ширкат дар ҷашнвораи ҳунарӣ раҳбарияти ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон бо муассисаи консертии "Мин-он"-и Япония дар бораи табодули гӯруҳҳои ҳунарӣ ва баргузории консертҳо дар кишварҳои якдигар гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG