Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП ба Қирғизистон $25,5 миллион ихтисос дод


Мудирияти Сандуқи Байналмиллалии Пул барои рафъи пайомадҳои бӯҳрони сартосарии молӣ 25,5 миллион доллар кӯмаки фаврӣ ба Қирғизистон ихтисос додааст. Дар як изҳорот Мурило Португал-муовини раиси иҷроии СБП гуфт, бӯҳрони сартосарӣ ақибмондагии иқтисодии ин кишварро нисбат ба он чӣ пешбинӣ шуда буд, бештар кардааст. Моҳи декабри соли 2008 барои ин кишвар як барномаи қарзи 102 миллион долларӣ барои 18 моҳ ба тасвиб расида буд. Дар эъломия омадааст, "интизор меравад, ки иқтисоди Қирғизистон дар соли 2009 босуръат поин равад".
XS
SM
MD
LG