Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана баъд аз озодӣ аз зиндон ба Амрико баргашт


Роксана Собирӣ-рӯзноманигори амрикоии эронитабор баъд аз чаҳор моҳи зиндон дар Эрон ба Амрико баргашт. Роксанаи 32-сола рӯзи ҷумъа дар фурудгоҳи байналмиллалии Даллеси Вошингтон фуруд омад ва ба нақша гирифтааст, ки чанд рӯзро дар пойтахти Амрико сипарӣ кунад ва сипас ба хонааш ба аёлати Дакотаи Шимолӣ биравад. Вай дар фурудгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт:

"Ман мехоҳам ба созмонҳои ҳуқуқи башар ва ба ҳамкасбонам рӯзноманигорон изҳори сипос кунам, ки онҳо сарнавишти маро канор нагузоштанд ва барои озодии ман пофишорӣ мекарданд".

Мақомоти Эрон Роксана Собириро дар охири моҳи январ боздошт ва вайро ба ҷосусӣ барои Амрико муттаҳам карданд. Вале вай 11-ӯми май озод шуд. Додгоҳи таҷдиди назар муҷозоти вайро то ба ду сол ҳабси шартӣ муқаррар кард. Роксана дар Дакотаи Шимолӣ бузург шудааст ва шаш соли пеш ба Эрон рафтааст. Вайа шаҳрвандии ҳар ду кишварро дорад.
XS
SM
MD
LG