Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳилманди Афғонистон 60 шӯришӣ кушта шудаанд


Низомиёни Амрико дар Афғонситон мегӯянд, дар як амалиёти муштарак нируҳои онҳо ва нируҳои Афғонистон дар вилояти Ҳилманд 60 нафар шӯришиёнро ба қатл расонда, миқдори зиёди маводи мухаддирро нобуд кардаанд. Дар эъломияи низомиёни Амрико омадааст, дар ҷараёни амалиёт барои нобудии 92 тон маводи мухаддир, моддаҳои ҳосилкунандаи ҳероин ва созандаи бам аз нируҳои ҳавоӣ истифода кардаанд. Вилояти Ҳилманд тавлидкунандаи аслии маводи мухаддир дар Афғонистон ба шумор меравад, кишваре, ки беш аз 90 дарсади маводи мухаддир дар ҷаҳонро тавлид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG