Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худкушии собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ


Роҳ Му Ҳюн, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ

Роҳ Му Ҳюн, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ

Роҳ Му Ҳюн, ки бо фасоди молӣ муттаҳам мешуд, ҳангоми кӯҳнавардӣ худро аз баландӣ ба зер андохта ҳалок шуд.

Дар ин бора хабаргузориҳои Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ додаанд. Як мушовири собиқ раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар баёнияе, ки аз тариқи телевизиёни маҳаллӣ пахш шудааст, низ гуфтааст, ки Роҳ Му Ҳюн бо андохтани худ аз болои кӯҳ ба поён худкушӣ кардааст.

Пулиси ин кишвар дар ҳоли ҳозир ҳодисаи марги собиқ президентро таҳқиқ мекунад.

Роҳ Му Ҳюн аз соли 2003 то 2008 президенти Кореяи Ҷанубӣ буд ва моҳи феврали соли 2008 бо айби фасоди молӣ нисбати ӯ парванда ифтитоҳ шуд. Вай баъдан рабт доштани худ ба фасоди молиро иқрор карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG