Пайвандҳои дастрасӣ

Манмоҳан Сингх дар мақоми сарвазирӣ боқӣ монд


Манмоҳан Сингх дубора раҳбарии ҳукумати Ҳиндустонро бар дӯш гирифт ва ба ҳайси сарвазир савганд ёд кард. Маросими ботантана ба ин муносибат дар Деҳлӣ, дар қароргоҳи раисиҷумҳури Ҳиндустон Пратибҳа Патил баргузор шуд. Дар интихоботи ахири парлумонӣ дар Ҳиндустон ҳизби ҳукмрон – Кунгураи миллии Ҳиндустон, ки Манмоҳан Сингх аз он намояндагӣ мекунад, пирӯзӣ ба даст овард ва мавқеъи худро устувортар намуд.
XS
SM
MD
LG