Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бо раҳбарони Лубнон дидору гуфтугӯ дошт


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар Бейрут бо раисиҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон ва ҳамчунин бо сарвазир Фуад Синиора ва раиси парлумони кишвар Набеҳ Беррӣ дидору гуфтугӯ дошт. Сафари нойиби раисиҷумҳури ИМА дар ҳоле доир мешавад, ки Лубнон ба интихоботи парлумонии рӯзи 7 июн омодагӣ мегирад. Ҷо Байден баъд аз мулоқот бо Мишел Сулаймон гуфт, ки ҳадаф аз сафари ӯ ба Лубнон пуштибонӣ аз ягон нерӯи сиёсӣ дар ин кишвар нест ва аммо гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, рақиби аслии эътилофи ҳукмрон дар интихоботро танқид кард. “Ҳизбуллоҳ”, ки аз сӯи Эрон ва Сурия сармоягузорӣ мешавад, ахиран ИМА-ро дар дахолат ба умури Лубнон айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG