Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶММ бо зукоми хук дастаҷамъона мубориза мебарад


Нахуствазирҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ (ҶММ) дар як нишаст дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, дар бораи талошҳои муштарак ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии зукоми хук ба мувофиқа расиданд. Пешниҳод дар ин бора аз сӯи раисиҷумҳури Қазоқистон ироа шуд.
Нахуствазирҳо дар робита ба 18 масъала тасмими худро эълон карданд, аз ҷумла, онҳо тарҳи Марҳалаи аввали стратегияи рушди иқтисодии ҶММ то соли 2020-ро пазируфтанд. Аҳли нишаст ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки созиш оид ба минтақаи тиҷорати озод дар кишварҳои узви Ҷомеъаро бознигарӣ кунанд.
Нишасти навбатии Шӯрои сарвазирҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Ялта баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG