Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳоми расмӣ алайҳи ду афсари гурҷӣ


Дар Гурҷистон ба ду афсари собиқ расман айбнома эълон шуд. Коба Отанадзе ва Левон Америдзе дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор мешаванд, ки муҷозоташ – ҳабси абад аст. Афсарони собиқ шаби панҷшанбе бар асари як амалиёти вижа дар Тифлис боздошт шуданд. Дар ин амалиёт ҳардуи онҳо ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Отанадзе ва Амиридзе барои ташкили ошӯб дар пойгоҳи низомии Мухрованӣ рӯзи 5 май мавриди пайгард қарор доштанд.
Дар ҳамин ҳол вакили мудофеъи афсарон Онисе Мебония ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки то ҳанӯз асноди парвандаи ҷиноиро дастрас накардааст. Ӯ афзуд, ки мехоҳад ба суолҳои зиёд на фақат дар робита ба нақши афсарони собиқ дар ташкили ошӯб, балки дар робита ба боздошти онҳо низ посух пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG