Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри иттилоъ дар бораи қурбониёни ҷанги Шри-Ланка


Мақомоти Шри-Ланка иттилоъ дар бораи қурбониҳои ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар кишварро нашр карданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Шри-Ланка, фақат дар се соли ахири ҷанги 26-сола бо ҷудоихоҳон аз гурӯҳи “Бабрҳои Тамил” беш аз 6200 афсару сарбози ҳукуматӣ кушта шуда, тақрибан 30 ҳазор ҷароҳат бардоштанд.
Дар маҷмӯъ, ба иттилоъи расмӣ, дар тули ҷанг дасти кам 80 ҳазор сокини Шри-Ланка ба ҳалокат расиданд. Мақомоти кишвар чанд рӯз пеш аз пирӯзии комили артиш аз болои “Бабрҳои Тамил” хабар доданд.
XS
SM
MD
LG