Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти муваффақ алайҳи тоҷирони маводи мухаддир


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон низомиёни маҳалӣ бо пуштибонии нерӯҳои амрикоӣ амалиёти густарда алайҳи тоҷирон ва қочобарони маводи мухаддирро анҷом доданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии ИМА дар Афғонистон, дар задухурд бо мусаллаҳоне, ки дар парвариш ва қочоқи маводи мухаддир даст доранд, 34 нафар кушта шуданд. Дар ҷараёни амалиёт 15 тонна маводи нашъадор мусодира гардид. Ба иттилоъи фармондеҳони Эътилофи байналмилалӣ, толибон аз фурӯши маводи мухаддир ҳамасола то 400 миллион доллар фойида ба даст меоваранд.
XS
SM
MD
LG