Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден вориди Лубнон шуд


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз вориди Лубнон шуд. Интизор меравад, ки ӯ бо раисиҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон ва дигар раҳбарони кишвар дидору гуфтугӯ кунад. Қарор аст, ки дар ин мулоқот Ҷо Байден аз кумаки иловагии Вошингтон ба нерӯҳои мусаллаҳи Лубнон хабар диҳад.
Сафари нойиби раисиҷумҳури ИМА дар ҳоле доир мешавад, ки Лубнон ба интихоботи парлумонӣ омодагӣ мегирад. Дар ин маъракаи сиёсӣ, ки рӯзи 7 июн баргузор хоҳад шуд, Вошинтон аз эътилофи ҳукмрон пуштибонӣ мекунад. Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, аз рақибони аслии эътилофи ҳукмрон, ахиран ИМА-ро дар дахолат ба умури Лубнон айбдор кард.
XS
SM
MD
LG