Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври 8-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


То анҷоми марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ду давр мондааст. Бозиҳои даври ҳаштум рӯзҳои 23-юм ва 24-уми май барпо мешаванд.

Рӯзи шанбе се бозӣ сурат мегирад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо яке аз ҳарифони аслиаш - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин яке аз бозиҳои марказии даври 8-ум ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки то ҳоло ҳарду даста ба мағлубият дучор нашудаанд.

«Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи меҳмон - «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ва «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бо «Гвардия»-и Душанбе бозӣ хоҳанд кард.

Рӯзи якшанбе ду бозӣ барпо мешавад. «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказӣ бо тими меҳмон – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат мекунад. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе қувва меозмояд.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Вахш» бо 19 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Хуҷанд» бо 16 имтиёз дуввум аст. «Регар» ТадАЗ, «Истиқлол» ва «Парвоз» бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ва панҷум ҷойгиранд. Вале қаҳрамони футболи Тоҷикистон – «Регар» ТадАЗ – як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 7-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

7

6

1

0

15-5

19

2.

«Хуҷанд»

7

5

1

1

17-6

16

3.

«Регар» ТадАЗ

6

4

1

1

12-6

13

4.

«Истиқлол»

7

4

1

2

13-10

13

5.

«Парвоз»

7

3

4

0

11-5

13

6.

«Спитамен»

6

1

3

2

6-8

6

7.

«Равшан»

7

1

2

4

9-14

5

8.

«Энергетик»

7

1

1

5

12-15

4

9.

CСKA «Помир»

7

0

2

5

6-15

2

10.

«Гвардия»

7

0

2

5

1-18

2



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») ва Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») – 5-голӣ, Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 4-голӣ.
XS
SM
MD
LG