Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти нерӯҳои Сомалӣ алайҳи ошӯбгарон шурӯъ шуд


Нерӯҳои ҳукуматии Сомалӣ амалиёт алайҳи ошӯбгарони исломгаро дар пойтахти кишвар – Могадишоро шурӯъ карданд. Хабаргузориҳо дар бораи даргириҳои шадид дар шаҳр иттилоъ медиҳанд. То ҳол дар бораи кушта шудани 5 нафар, аз ҷумла, корманди радиои маҳаллӣ, хабар расидааст.
Ҳукумати Сомалӣ изҳор намуд, ки бо гурӯҳи ошубгари “Шабаб” музокирот нахоҳад кард, зеро ин гурӯҳ ягон барномаи сиёсӣ надорад ва ба сафи он асосан афроди ифротгаро ва ҷинояткор шомиланд. Тайи ду ҳафтаи ахир бар асари задухурдҳо дар Сомалӣ даҳҳо нафар кушта ва ҳазорҳо нафари дигар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG