Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенат буҷаи хостаи Обамаро тасвиб кард


Сенати Амрико буҷаи бештар аз 91 миллиард долларии амалиёти низомӣ дар Афғонистонро пазируфт, вале 80 миллион доллари дархосткардаи Барак Обама барои бастани зиндони Гуантанаморо ихтисос надод. Раъйи мувофиқи аксарияти вакилон барои буҷаи мазкур аз ҳимояти қавии онҳо аз афзоиши теъдоди нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дарак медиҳад. Ҳамингуна хароҷоти Амрико дар Афғонистон соли оянда назар ба хароҷоташ дар Ироқ бештар хоҳад шуд. Санади тасвибшуда ҳамчунин ихтисоси 100 миллиард доллар қарз барои Сандуқи Байналмилалии Пул ва якуним миллиард доллар барои мубориза бо пандемияи зукоми эҳтимолии хукро пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG