Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши нахустини тоҷирони тоҷику араб


Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳайъати расмии Арабистони Саудӣ ва намояндагони маҳфилҳои тиҷоратии ин кишвари сарватманди Ховари Миёна ширкат меварзанд. Дар ҳамоиши мазкур мақомоти расмии Тоҷикистон, тарҳҳои сармоягузорӣ дар асари энержӣ, саноат, саёҳӣ ва беҳдоштиро муаррифӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ранҷ мекашад, барои ҷалби кӯмакҳои молӣ ва сармояи хориҷӣ талош дорад. Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ин ҳафта сафари расмиеро ба Арабистони Саудӣ оғоз кард.
XS
SM
MD
LG