Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Аврупо ва Русия оғоз шуд


Мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар шаҳри Хабаровск воқеъ дар марзи Чин идома дорад. Ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст, Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия гуфт, дар ҷараёни ҳамоиш ба масоили бӯҳрони молӣ, масоили энержӣ ва амният тавваҷӯҳ хоҳад шуд. Пеш аз ин мулоқот Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия бо Хосе Мануэл Барроссо – раиси Кумиссиёни Аврупо ва президенти Ҷумҳурии Чех Васлав Клаус, раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо дидори ғайрирасмӣ дошт. Дар остонаи нишаст, вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, аз “таъхирҳои бемаънии сиёсӣ” дар заминаи таҳияи созишномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо хаста шудааст.
XS
SM
MD
LG