Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи Ҳилларӣ Клинтон доир ба Эрон


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико афзоиши таҳримоти якҷонибаи Амрико ба зидди Эронро рад кард. Вай гуфт, дар сурати ноком шудани талошҳои дипломатӣ барои мойил кардани Эрон ба канор гузоштани барномаҳои атомиаш таҳримоти бисёрҷониба муассиртар хоҳад буд. Ҳилларӣ Клинтон – рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури вакилони Кумитаи умури хориҷии Сенати Амрико гуфт, вай қасд дорад, ба Эрон бифаҳмонад, ки сохтани бомби атомӣ ба нафъи он кишвар нест. Чанд соат пеш аз суханронии Ҳилларӣ Клинтон, Эрон як мушаки пешрафтаи замин ба заминро озмоиш кард, ки қодир ба парвоз дар масофаи то 2000 километр ва ҳадаф гирифтани Исроилу пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва Аврупо будааст.
XS
SM
MD
LG