Пайвандҳои дастрасӣ

Чейнӣ мегӯяд, сиёсатҳои Буш дуруст буд


Дик Чейнӣ - муовини собиқи раиси ҷумҳури пешини Амрико, ба ҳимояташ аз сиёсатҳои зиддитерористии ҳукумати Ҷорҷ Буш, аз ҷумла ончӣ ки “бозпурсиҳои мукаммал” хонд, таъкид кард. Дар як суханронӣ Дик Чейнӣ гуфт, усулҳои дурушти бозпурсии мутаҳҳамон муввафақиятомез ва кори дурусте ҳам буд. Баъзе аз ин усулҳоро ҳомиёни ҳуқуқ шиканҷа медонанд, ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ мамнӯъ аст. Пеш аз суханронии Дик Чейнӣ, Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико зимни суханрониаш сиёсатҳои зиддитерористии давраи Ҷорҷ Бушро танқид кард, ки ба гуфтаи вай обрӯи Амрико дар ҷаҳонро коҳиш додааст. Аммо Барак Обама даъватҳо барои таҳқиқи мустақили сиёсатҳои ҳукумати Ҷорҷ Бушро рад кард.
XS
SM
MD
LG