Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи баҳсбарангези нахуствазири Исроил


Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил имрӯз гуфт, тамоми шаҳри Байтулмуқаддас ҳамеша дар ихтиёри Исроил хоҳад монд. Ин баёнияи нахуствазири Исроил як рӯз баъд аз бозгашташ аз Вашингтон садо дод, ки дар ин шаҳр Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, аз таъсиси кишвари Фаластин ҳимоят мекунад ва аз Бенямин Нетаняҳу хост, ба сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб хотима диҳад. Бенямин Нетаняҳу аз ҳимояти барномаи таъсиси Фаластини мустақил сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG