Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ба бастани Гуантанамо пофишорӣ мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида гуфт, ба амалӣ шудани нияти худ оиди бастани боздоштгоҳи амрикоии Гуантанамо, ки ахиран бо монеаҳои молии Конгресс рӯбарӯ шудаст, пофишорӣ хоҳад кард. Дар суханронии имрӯзаи худ дар Вашингтон, ки ба масоили амнияти миллӣ бахшида шуда буд, вай гуфт, ки фаъолияти зиндони муттаҳамони терроризм маъмурияти ахлоқии Амрикоро дар ҷаҳон зарба зад. Вай гуфт:

"Дар ҳамин ҳол ба ҷои ин ки ба унвони василаи зиддитеррор хизмат кунад, Гуантанамо ба як рамзи кӯмак ба ҷалби террористҳо табдил шудааст. Мавҷудияти Гуантанамо эҳтимолан ба пайдоиши террористони бештар дар саросари ҷаҳон назар ба он ки то ҳол боздошт кардааст, сабаб шавад. Аз ин хотир, гузориш комилан мушаххас аст, ки ба ҷои ҳимояти бештари мо зиндони Гуантанамо амнияти миллии Амрикоро заъифтар мекунад".

Обама афзуд, ки Амрико наметавонад дар ҷанги зидди террор дар бораи арзишҳои ахлоқии худ фаромӯш кунад. "Гуантанамо то рафт як макони ҷалби бештари душманҳо" мешавад, гуфт ӯ. Вай афзуд, ки ин боздоштгоҳ назар ба он ки ба нигаҳдошти террористони бештар хизмат карда бошад, ҳоло барои арзи ҳастӣ кардани террористони бештар сабаб мешавад. Обама инчунин гуфт, ки баъзе аз муттаҳамон эҳтимолан ба зиндонҳои низомаш фавқулодда шадиди Амрико интиқол дода мешаванд ва мақомот ҳеҷ як аз онҳоеро, ки ба амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар эҷод мекунад, озод нахоҳанд кард.
Суханронии Обама як рӯз баъди он сурат гирифт, ки Сенат бо ихтисоси 80 миллион доллар барои бастани Гуантанамо ва бо пешниҳоди ба зиндонҳои амрикоӣ интиқол додани 240 муттаҳами он розӣ нашуд. Аъзои Конгресс гуфтанд, ки интиқоли ҳатто як боздоштшуда ба зиндони Амрико амнияти ин кишварро ҳатто аз дохили маҳбас бо хатар рӯбарӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG