Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2009» чанд нафар қочоқбари маводи мухаддир боздошт ва садҳо бех ниҳоли кӯкнор нобуд шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, «кормандони шӯъбаи ҳафтуми раёсати мубориза бо маводи мухаддир шаҳрванд Қаюмов Аҷик ва шаҳрванди Афғонистон Абдулаҳмад валади Маҳмадсангро дастгир намуданд, ки аз ӯ 35 беш аз кило афюн дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳамчунин дар рафти ин амалиёт шаҳрванд Аминов Мирзо, ки ба парвариши бехи нашъаовар машғул буд, боздошт шудааст. Ғайр аз ин шаҳрванд Мирзошоев Мирзошо дастгир шудааст, ки аз ӯ 3 кило ҳероин ва 5 кило ҳашиш мусодира намудаанд».

Амалиёти «Кӯкнор-2009», ба таъйиди мақомот, аз рӯзи 15 май ба ин сӯ идома дорад. Аммо аз як ҳафтаи пеш ба ин ҷониб нахустин воҳидҳо барои баргузории амалиёт ба минтақаҳои шарқӣ эъзом шудаанд ва ба дунболи он дар рӯзи 19 май вазорати умури дохилӣ аз баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» маҳз дар шарқи Тоҷикистон хабар дод.

Ин вазорат гуфт, ба манзури ҷилавгирӣ аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир нирӯҳои вазорати дохила ба ин минтақа эъзом шудаанд. Аммо дар як рӯзи баъд дубора ин эълом тақвият ва ба он афзуда шуд, ки амалиёти «Кӯкнор-2009» як амалиёти саросарии мубориза бо маводи мухаддир аст ва ба шарқи Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Инчунин ба сурати расмӣ барои баргузории ин амалиёт нирӯҳои ғайр аз вазорати дохила низ ҷалб ва ҳамоҳангсозии ин амалиёт ба дӯши Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гузошта шуд.

Вале гузоришҳое, ки, мерасанд, ва баёнияҳои ҳокӣ аз он аст, ки бо вуҷуди саросарӣ эълон шудани амалиёти «Кӯкнор-2009» боз ҳам камокон ки таваҷҷӯҳи нирӯҳои аслӣ рӯи манотиқи шарқӣ маътуф аст. Гузаргоҳҳо, тамоми роҳҳои рафту омад, пайроҳаҳои кӯҳӣ, ва нуқоти муҳими минтақа таҳти дидбонии нирӯҳои давлатӣ қарор гирифтаанд.

Албатта, қаблан низ вазорати умури дохилӣ эъзоми нирӯҳо ба навоҳии шарқиро маҳз ба манзури мусоидат ба амалиёти «Кӯкнор-2009» маҳдуд эълон кард. Ва гуфт, ҳеҷ гуна таҳарруки нирӯҳои зидди ҳукуматӣ дар минтақаи мазкур мушоҳида нашудааст. Аммо бархе овозаҳо роҷеъ ба ҳузур пайдо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ношинохта дар минтақа низ аз ҳафтаҳо ба ин сӯ сари забонҳо буда. Акнун бо ин ки мақомоти Тоҷикистон тадорукоти нирӯҳои интизомиро дар манотиқи шарқӣ ба манзури баргузории «Кӯкнор - 2009» эълон кардаанд, бархе расонаҳои хабарӣ ин амалиётро як василаи дар пардаи ибҳом боқӣ мондани ҳадафи аслии он унвон кардаанд.

Вале ба ҳар ҳол, мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба таъкид эъзоми нирӯҳо ба минтақаро танҳо ва танҳо ба амалиёти ҷилавгирӣ аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир марбут эълон кардаанд ва мегӯянд, масъалаи дигаре дар миён нест. Амалиёте, ки гуфта мешавад, эҳтимол дорад, то моҳи ноябр идома кунад.
XS
SM
MD
LG