Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама стратегияи амниятии худро муаррифӣ мекунад


Имрӯз раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бояд дар як суханронии худ, ки ба мавзӯи амнияти миллӣ тамаркуз кардааст, стратегияи худро дар заминаи бастани боздоштгоҳи Гуантанамо тавзеҳ диҳад. Нутқи Обама як рӯз баъди он садо хоҳад дод, ки Сенат бо ихтисоси 80 миллион доллар маблағ барои бастани ин зиндони муваққат ва ҳамчунин бо интиқоли боздоштшудаҳо ба маҳбасҳои дохили Амрико розӣ нашуд. Аъзои Конгресс гуфтанд, ки буду боши ҳатто як нафар аз 240 боздоштшудаи Гуантанамо дар зиндонҳои Иёлоти Муттаҳида амнияти Амрикоро аз дохили маҳбас ҳам зери хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG