Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи гарми сокинони Косово аз Ҷо Байден


Имрӯз Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳурии Амрико бо истиқболи гарми сокинони Косово рӯбарӯ шуд, ки охирин нуқтаи сафари серӯзаи вай ба минтақаи Балкан мебошад. Имрӯз ҳазорҳо албаниҳо барои истиқболи меҳмони амрикоӣ аз фурудгоҳ то дохили шаҳр дар канори роҳ парчам дар даст ва бо кафкӯбиҳо мақоми амрикоиро истиқбол карданд. Баъди эълони истиқлолияти Косово аз Сербистон дар соли гузашта ин нахустин мақоми баландпояи амрикоист, ки аз Приштина дидан мекунад. Байден дар муроҷиат ба раҳбарони Косово гуфт:

"Ба фикри ман ҳукумат дар як соли охир ба пешравиҳои қобили мулоҳизае даст ёфтааст ва ин як таҳаввулоти ҳайратангезе аст, ки дар тӯли як сол мушоҳида мешавад. Яке аз нукоти муҳими идомаи ин пешравиҳо дар табиати бисёрмиллатаи ин ҷомеа, ин кишвар ва ин ҳукумат аст".

Дар баробари дидору гуфтугӯҳо бо мақомот Байден қарор аст аз як ибодатгоҳи сербҳои ортодокс дар Дечании ҷанубуғарби Косово низ дидан мекунад. Дирӯз дар Белград Байден ба раҳбарони Сербистон мулоқот кард ва гуфт, ки ИМА умедвор аст онҳо ба расмият шинохтани истиқлолияти Косоворо ҳамчун пешшарти қабули кишварашон ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ нахоҳанд кард. Раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич дар сӯҳбат бо Байден изҳори умедворӣ кард, ки алорағми ихтилофи назарҳо дар масъалаи истиқлолияти Косово, миёни Белграду Вашингтон ҳамкориҳои ҳаддалимкон хуб эҷод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG