Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итолиёвии норозӣ аз театри опера ва балет


Жеррардо Колела, дирижёри итолиёӣ фаъолияти панҷмоҳаи худро дар пойтахти Тоҷикистон натиҷагирӣ кард.

Дирижёри итолиёвӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00


Ин дирижёри маъруф, ки бо дархости овозхони шинохтаи опера Адҳам Холиқов барои баланд бардоштани малакаи ҳунарии операхонҳои тоҷик ва оркестри симфонӣ бо театри опера ва балети Садариддин Айни қарордоди сесола баста буд, консерти нахустинро доир намуд. Қабл аз шурӯъи консерт мо бо Жеррардо Колела сӯҳбате анҷом додем. Ӯ гуфт, корашро дар Тоҷикистон бо душворӣ пеш мебарад. Зеро, ӯ мегӯяд, аз як сӯ мушкили забонӣ, аз ҷониби дигар хунукназарии ҳунармандони театр барои беҳ кардани маҳорати онҳо монеа эҷод мекунад. Сӯҳбати мо бо Жеррардо Колела бо забони русӣ сурат гирифт, ин ҳам дар ҳоле ки қабл аз омадан ба Тоҷикистон вай ин забонро балад набуд.

«Дар театри опера ва балет навозандагон ва операхонони зиёде ҳастанд, ки намехоҳанд болои худ кор кунанд. Хоҳиши навохтани мусиқии хубро надоранд. Ва ман ҳайрон мешавам, ки чаро онҳо умуман дар театр кор мекунанд. Зеро агар шахс мусиқиро дӯст дорад, ҳеҷ гоҳ баҳонае пеш намеорад, балки баръакс аз ҳар имконияти дар даст дошта истифода мекунад. Яъне, бисёриҳо дар ин ҷо корро ҷиддӣ намегиранд»

Ҷаноби Колела мегӯяд, бинобар камбуди навозандагони оркестри симфонӣ ӯ имкони интихоби беҳтаринҳоро надорад. Феълан, оркестри симфонии опера балет наздики 40 нафарро дар бар мегирад, ҳоло он ки мебоист 80 нафар бошад. Ба гуфтаи дирижёри итолиёӣ, масъала ин нест, ки касбияти аксари ҳунармандони театр дар сатҳи поин аст, балки хоҳиши ислоҳ нашудану болои ҳунари худ кор накардан, шахсро рӯҳафтода мекунад.

Бо ин ҳама Жеррардо Колела қасд дорад дар як соли наздик 3 асарро бо забони итолиёвӣ ва 5 –тои дигарро бо забони тоҷикӣ ба саҳна гузорад.

Анвар Шомуродов, навозанда ва ёвари дирижёри театри опера ва балет мегӯяд, бо омадани Жеррардо Колела, театр дубора эҳё шуд ва аммо ин мусоҳиби мо қоил аст, ки маҳз маоши ночизи театр ҳунармандони тоҷикро камҳавсала кардаааст.

Жеррардо Колеларо дар Тоҷикистон ҳамсари ӯ, овозхони опера Барбара Коста ҳамроҳӣ мекунад, ки вай низ барои операхонҳои ҷавони тоҷик дарсҳои маҳорат мегузарад.
XS
SM
MD
LG