Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 даста – дар ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонон


Бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони АФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) рӯзҳои 19-ум ва 20-уми май баргузор шуданд.

Бозиҳо дар 8 гурӯҳ бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:


«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Пахтакор» (Узбакистан) - 2:0
«Ал-Аҳлӣ» (АМА) – «Сабо Баттерӣ» (Эрон) - 3:5
«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ) - 1:0
«Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ) – «Умм Салол» (Қатар) - 7:0
«Ал-Ҷазира» (АМА) – «Истиқлол» (Эрон) - 2:2
«Сипоҳон» (Эрон) – «Ал-Иттифоқ» (Арабистони Саудӣ) - 3:0
«Бунёдкор» (Узбакистон) – «Ал-Шабоб» (АМА) - 0:0
«Бэйсзин (Чин) – «Нагойя» (Ҷопон) - 1:1
«Улсан» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Нюкасл» (Австралия) - 0:1
«Сривиҷая» (Индонезия) – «Шандун» (Чин) - 4:2
«Гамба Осака» (Ҷопон) – «Сеул» (Кореяи Ҷанубӣ) - 1:2
«Сувон» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Армд Форсиз» (Сингапур) - 3:1
«Шанхай» (Чин) – «Кашима» (Ҷопон) - 1:1
«Кавасаки» (Ҷопон) – «Поҳан» (Кореяи Ҷанубӣ) - 0:2
«Сентрал Кост» (Австралия) – «Тянсзин» (Чин) - 0:1.

16 дастаи беҳтарини қораи Осиё ба даври баъдии Лигаи қаҳрамонони АФК роҳ ёфтанд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ ҷуфтҳои зерин рақобат мекунанд:


26-уми май
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Умм Салол» (Қатар)
27-уми май
«Ал-Иттифоқ» (Арабистони Саудӣ) – «Пахтакор» (Узбакистон)
«Персеполис» (Эрон) – «Бунёдкор» (Узбакистон)
«Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ)

24-уми июн
«Нагойя Грампус» (Ҷопон) – «Сувон Самсунг Блюуингз» (Кореяи Ҷанубӣ)
«Гамба Осака» (Ҷопон) – «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон)
«Кашима Антлерс» (Ҷопон) – «Сеул» (Кореяи Ҷанубӣ)
«Поҳан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Ньюкасл Ҷетс» (Австралия)
XS
SM
MD
LG