Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи боздиди Николай Бордюжа аз Тошканд


Рӯзҳои 21-22 май дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо як сафари корӣ ба Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон меравад. Ин мулоқоти аз пеш барномарезишудаи Бордюжа бо мақомоти амниятии Тошканд бо ҳадафи омодагиҳо ба нишасти ин созмон дар моҳи июн дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.

Виталий Струговетс, сухангӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ роҷеъ ба ҳадафи аслии ин сафари кории Бордюжа гуфт: "Ҳадафи аслии сафар баррасии тадбирҳое аст, ки дар нишасти ғайринавбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи феврал дар заминаи ташкили Нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ андешида шуда буд. Дар ҷараёни сафари дабири кулли ин созмон бо раҳбарияти дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Ӯзбакистон, вазоратҳои умури хориҷӣ ва дифоъ мулоқот хоҳад кард".

Ба узвияти ин паймон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомил ҳастанд.
Дар нишасти моҳи июн дар Маскав қарор аст дар баробари масоили дигар инчунин мавзӯи такмили феҳрасти созмонҳои тундрав ва террористӣ аз назари ин созмон баррасӣ шуда ин рӯйхат аз 22 ба 31 адад боло бурда шавад. Ахиран Ӯзбакистон ва Қазоқистон хостори ба феҳрасти созмону гурӯҳҳои ифротии фаъол ворид шудани "Нурчилар" ва Салафия, ду ҷараёни мазҳабии фаъол дар Осиёи Марказӣ шудаанд.

Созмони амнияти дастаҷамъӣ, як эътилофи низомии минтақаӣ, соли 1992 ташкил шуда баъдан ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG