Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти полиси Гурҷистон зидди шӯришиён


Дар паи амалиёти полисе як ташкилкунандаи эҳтимолии шӯриши моҳи ҷорӣ дар пойгоҳи низомӣ кушта шуда ду нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад ҳангоме ки полис дар паи амалиёти кофуткове дар пойтахт шаҳри Тифлис гурӯҳи афсарони низомиро пайдо кардааст, миёни онҳо тирандозӣ сурат гирифт. Григол Беселия, сухангӯи вазорати умури дохилаи Гурҷистон дар ин замина дар сӯҳбат бо хабарнигорон имрӯз дар Тифлис гуфт:

"Дирӯз вазорати дохила амалиётеро бо ҳадафи боздошти Коба Отанадзе, Леван Амиридзе ва Гия Криалашвилӣ роҳандозӣ кард. Нафарони зикршуда муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирандозӣ Гия Криалашвилӣ кушта шуда, Коба Отанадзе ва Леван Амиридзе маҷрӯҳ шуданд. Онҳо боздошт ва ба госпитал интиқол дода шуданд".

Ин се мард қаблан барои ташкил ва ширкат дар як ошӯби хунини кӯтоҳмуддате дар қароргоҳи баталйони тонкии нирӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон рӯзи 5 маи имсол муттаҳам шуда буданд. Мақомоти Гурҷистон дар аввал гуфтанд, ки шӯриши мазкур метавонист бахше аз нақшаҳои Русия барои барканор кардани ҳукумат дар ин кишвар бошад, аммо баъдан гуфтанд, ки эҳтимолан шӯришиён ҳадаф доштанд, ки машқҳои низомии НАТО-ро дар Гурҷистон ба ҳам зананд. Ҳодисаи мазкур дар шароити болоравии эътирозҳои мухолифин аз ҳукумат ва раиси ҷумҳурӣ рӯй дод, ки ба истеъфои Михаил Саакашвилӣ пофишорӣ доранд.
XS
SM
MD
LG