Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои марговар дар Ироқ


Имрӯз бар асари ду таркиши маргталабона дар Ироқ дасти кам 19 нафар ҷони худро аз даст доданд. Як ҳодиса дар бозори серодами минтақаи Доураи Бағдод рӯй дод, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ва аз ин пеш субҳи имрӯз бар асари таркиши интиҳории бомбгузоре ҳафт узви як гурӯҳи зиддишӯришиён ба ҳалокат расиданд. Ин нафарон дар навбат барои гирифтани ҳаққи хизмати худ дар шаҳри шимолии Киркур қарор доштанд, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳодисаҳо дар ҳоле гузориш мешавад, ки шоми дирӯз аз як ҳодисаи хунини хабар дода шуд. Дар минтақаи ғолибан шианишини Шӯълаи Бағдод бар асари таркиши мошини ҳомили бомба 40 мулкӣ кушта шуда 82 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG