Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонон дар орзуи дидор бо Раҳмон


Ҷавонони тоҷик, ки имрўз мушкилоти зиёд доранд, барои посух ёфтан ба суолҳои хеш кадом роҳро пеш мегиранд, ба чеҳраҳои шинохта ва ё пешвоҳои ҳизбҳо рў меоранд, ё на?

Маротибаи дуввум аст, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони донишҷӯи мактабҳои олии Тоҷикистон вомехўрад. Ин таҷрибаест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд мушоҳида намешавад. Донишҷўи ДММТ Санавбар Раҳимова мегўяд, новобаста аз он ки Муҳиддин Кабирӣ пешвои ҳизби исломӣ аст, аммо бо ҷавонони тафаккури дунявӣ дошта пайваста наздик аст ва дарди онҳоро мешунавад.

Аксарияти ҷавонони донишҷўе, ки дар мулоқот бо раиси ҲНИТ иштирок намуданд, мегўянд, узви ин ҳизб нестанд ва ҳавасманди узв шудан ҳам, вале Муҳиддин Кабирӣ ва суханрониҳои ўро дар мавзўъҳои дилхоҳ қабул доранд. Дилшод, донишҷўи курси чаҳоруми ДМТ, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ аст, дар ду мулоқоти ҷавонон бо пешвои ҲНИТ иштирок кардааст. Вай афсӯс мехўрад, ки дар ҲХДТ чунин имконият барои мулоқот бо раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон фароҳам нест. Ҳол он ки ҲХДТ аз ҲНИТ дида, имконоти бештари доир кардани чунин чорабиниҳоро дорад. ҲХДТ бо ҷавонҳо вохўрӣ мегузаронад, аммо ба дарди ҷавонон намехўрад. Ҷавонон ба суолҳои худ посух намеёбанд. Соҳибназарон иброз медоранд, ки ҷавононро барои муаррифӣ ва ё мулоқот бо раиси ҲХДТ пешакӣ омода мекунанд ва он ҷавонон ҳатман баъди вохўрӣ бо Раҳмон соҳиби мансаб мегарданд.

Донишҷў Муҳаммад Самиев мегўяд, узви ягон ҳизби сиёсӣ нест. Вале мехоҳад, ҷавонон на танҳо дар рўзҳои алоҳида ба монанди 23 май ҳамчун рўзи ҷавонон ва ё чорабиниҳои сатҳи ҳукуматие, ки аксарияти ками ҷавонон барои мулоқот бо раиси ҲХДТ даъват мешаванд, имкони Эмомалӣ Раҳмонро аз минбар дидан дошта бошанд ва ё суханронии ўро. Балки дар рўзҳои муқаррарӣ кам ҳам бошад, ҷавонон ҳавасманди мулоқот бо раиси ҲХДТ ҳастанд. Онҳо мехоҳанд ба пешвои ҲХДТ ҳарфи дилашонро бигӯянд.

Ҷомеашиноси ҷавон Давлати Дӯст мегўяд, ҲХДТ дар маҳаллот пайваста бо ҷавонон вохўрӣ мегузаронад, мутаассифона, ҳама дастовардҳои ҷомеаро аз ташаббуси ҲХДТ медонанду халос, аз мушкилоти мардум, бахусус ҷавонон мўҳри хомўшӣ мегиранд. Ва тарзе сухарониҳо мекунанд, ки ба ҷавонони имрўз қабул нест.

Эҳтимолан, интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонист, ки намояндагону раисони аҳзоб аз ҷумла ҲНИТ- ро водор кардааст, ки барои ба даст овардани раъйи мардум дили ҷавононро ба даст биёранд. Дили қишреро, ки аксариятро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва дар сурати интихоботи шаффофу одилона метавонанд ҳар ҳизберо сари қудрат биёранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG