Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден вориди Косово шуд


Имрӯз Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳурии Амрико дар охирин нуқтаи боздиди худ аз минтақаи Балкан вориди Косово шуд. Баъди эълони истиқлолияти Косово аз Сербистон дар соли гузашта ин нахустин мақоми баландпояи амрикоист, ки аз Приштина дидан мекунад. Албаниҳои маҳаллӣ барои истиқболи меҳмони амрикоӣ аз фурудгоҳ то дохили шаҳр дар канори роҳ қарор гирифтанд. Имрӯз дар Приштина Байден бо раҳбарони Косово мулоқот карда дар баробари парлумон суханронӣ хоҳад кард. Инчунин вай имрӯз аз як ибодатгоҳи сербҳои ортодокс дар Дечании ҷанубуғарби Косово низ дидан мекунад. Дирӯз дар Белград Байден ба раҳбарони Сербистон мулоқот кард ва гуфт, ки ИМА умедвор аст онҳо ба расмият шинохтани истиқлолияти Косоворо ҳамчун пешшарти қабули кишварашон ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ нахоҳанд кард. Раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич дар сӯҳбат бо Байден изҳори умедворӣ кард, ки алорағми ихтилофи назарҳо дар масъалаи истиқлолияти Косово, миёни Белграду Вашингтон ҳамкориҳои ҳаддалимкон хуб эҷод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG