Пайвандҳои дастрасӣ

Нав шудани шакли ифодаи рақамҳои мошинҳои давлатӣ


Дар Тоҷикистон шакли ифодаи рақамҳои мошинҳои давлатӣ нав мешавад. Хабаргузории Авасто аз қавли Идораи бозрасони давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамакнун баъди ифодаи се рақами мошин бо ҳарфҳои англисии TJ мансубияти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид мешавад. Инчунин дар паи рақами мошин бо ранги сабз харитаи кишвар низ ифода мешавад. Мақомоти бозраси давлатӣ гуфтанд, ки ифодаи то ҳол амалкунандаи "РТ", ки аз мухтасари русии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, дар бархе давлатҳои хориҷӣ метавонад ба шакли "ПТ" хонда шавад. Авасто менависад, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳудудан 600 мошин бо рақамҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст ва 100 адади онҳо дар ихтиёри дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG