Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Бразилия


Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Бразилия медали нуқра ба даст овард.

Дабири кулли Федеросиюни варзиши сабук ё варзишҳои майдонии Тоҷикистон Евгений Шумарин ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқаи пурнуфузи силсилаи Гран-при «Premio Mario Caixa de Atletismo», ки дар шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор шуд, зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон ширкат карданд. Байни онҳо ду қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ - Примош Козмус (Словения), ғолиби Олимпиадаи Пекин-2008 ва Шимон Сиолковский (Лаҳистон), ғолиби Олимпиадаи Сидней-2000 буданд. Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба дурии 77 метру 77 сантиметр ҳаво дода, ҷои дуввумро касб кард. Натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби ин мусобиқа Примош Козмус ҳамагӣ 4 сантиметр камтар аст. Шимон Сиолковский бо натиҷаи 74 метру 17 сантиметр севум шуд».

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Пекин дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр дар ҷои 11-ум қарор гирифта буд. Примош Козмус бо натиҷаи 82 м 02 см соҳиби медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин гашта буд.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров моҳи марти соли ҷорӣ дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон раиси ин федеросиюн интихоб шуда буд. Вай, ки 26-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, дар бисёр мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя кардааст. Ӯ ду бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Афина-2004 ва Пекин-2008) шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардааст.

Ба иттилоъи Евгений Шумарин, Дилшод Назаров дар доираи омодагиҳо ба сабқати ҷаҳонӣ боз дар ду мусобиқаи дигар дар Бразилия ширкат хоҳад кард. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бошад, аз 15-ум то 23-юми август дар Берлин доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG